Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кобул боиси ҳалокати ду корманди Кохи раёсатҷумҳурӣ шуд


Таркиши минаи сарироҳӣ дар шарқи Кобул мунҷар ба ҳалокати ду корманди Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон шуд. Таркиш рӯзи 15 июл дар ҳоле рӯй дод, ки ҳафт корманди дафтари матбуоти кохи раёсатҷумҳурӣ дар як микроавтобус ба кор мерафтанд. Ба иттилои полиси шаҳри Кобул, панҷ нафари дигар, аз ҷумла, ронанда, ҷароҳат бардоштанд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар ҳоле, ки нерӯҳои байнулмилалӣ барои тарки кишвар дар поёни осли равон омодагӣ мегиранд, ҷунбиши “Толибон” ҳамлаҳояшро густариш додааст.

XS
SM
MD
LG