Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тоҷик ба эҳтимоли куштор боздошт шуданд


Ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба эҳтимоли анҷоми ду амали куштор боздошт шудаанд. Кумитаи тафтишоти Русия 14 июл гуфт, ки Охунҷон Носирови 22 сола ва Акмал Носирови 30 сола барои куштори ду зани тоҷикистонӣ гумонбар дониста мешаванд. Номи ин занҳоро ошкор накарданд.

Ин ду гумонбари куштор дар Русия муҳоҷири корӣ будаанд. Пулис гуфтааст, ки ҷасади ду зан 12 июл дар чаҳорбоғи ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт Петербург пайдо шудааст. Ба гуфтаи бозрасон, ин занонро 11 июл ба қатл расондаанд.

XS
SM
MD
LG