Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Маскав ба Киев барои куштори марде дар Русия


Русия ба Украина таҳдид кардааст, ки баъд аз кушта шудани марде дар тирандозӣ ин амал “пайомадҳои баргаштнопазир” хоҳад дошт. Иддао мешавад, ки ин тирандозӣ аз қаламрави Украина анҷом гирифтааст. Бино ба изҳороти сухангӯи Кохи Кремл, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз ин ҳодиса шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Аммо Киев рад кард, ки аз қаламрави Украина ҳеҷ тирандозӣ ба ҷониби Русия сурат нагирифтааст. Мақомоти расмии Украина мегӯянд, ки шояд ҷудоихоҳон барои таҷовуз ба Украина Маскавро ба ин тартиб таҳрик карда бошанд. Ҷудоихоҳон ин иттиҳомро рад намудаанд.

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина нируҳои Русияро муттаҳам кард, ки аз марз гузаштаанд ва ба низомиёни Украина ҳамла овардаанд. Ин суханони вай баъд аз он садо дод, ки дар бораи убури марз гузоришҳо пахш шуд. Бино ба ин гузоришҳо, ҳудуди 100 ҷудоихоҳ савори мошинҳои зиреҳдор ва мошинҳои борбар аз Русия марзро ба сӯи Украина гузаштаанд.

Ҷониби Украина мегӯяд, ки ин қатори мошинҳоро нобуд кардааст. Вале манобеи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд.

XS
SM
MD
LG