Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фархор. Боздошти шаҳрванди Ироқ барои убури марз


Як шаҳрванди Ироқ ҳангоми убури марз аз сӯи мақомоти амниятии тоҷик боздошт шудааст. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 13 июл нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор шаҳрванди Ироқ Абдуллоҳ ибни Аҳмад ал-Арабияро боздошт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди 47-солаи Ироқ байни минтақаҳои сарҳадии шумораи 2 ва 3 ҳангоми убури марзи давлатии Тоҷикистон боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқи парвандаи мазкур идома дорад.


.

XS
SM
MD
LG