Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи парлумони нави Ироқ боз мавқуф гузошта шуд


Парлумони Ироқ ҷаласаашро то 15 июл мавқуф гузошт. Ҷаласаи рӯзи якшанбе ҳамагӣ ним соат идома кард, вакилон дар мавриди пешбарии номзадҳо ба мақоми раиси парлумон, нахуствазир ва раисиҷумҳури Ироқ ба созиш нарасиданд.

Парлумони Ироқ бояд ҳарчӣ зудтар се мақоми калидиро таъин кунад ва роҳро барои таъсиси ҳукумати нав ҳамвор созад.

Дар интихоботи рӯзи 30 апрел Эътилофи таҳти раёсати нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ пирӯз шуд. Сиёсатмадорон аз ал-Моликӣ, ки аз соли 2006 раҳбарии ҳукуматро бар дӯш дорад, талаб доранд то ба истеъфо равад ва раёсати ҳукумати навро каси дигар бар ӯҳда бигирад. Ал-Моликӣ дар он айбдор мешавад, ки ҳукуматаш фақат аз шиаҳо иборат аст ва ин боиси эътирози сунниҳову курдҳо ва аз сӯи ҷангиёни суннимазҳаб ишғол шудани бахши аъзами қаламрави Ироқ шудааст.

XS
SM
MD
LG