Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Керрӣ аз ихтилофи назарҳо дар музокирот бо Эрон


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки дар мавзеъгирии ширкаткунандагони музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ихтилофи назари ҷиддӣ боқӣ мемонад. Музокироти “шашгона” – ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон бо Эрон, ки ҳадафаш то рӯзи 20 июл расидан ба созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон аст, 12 рӯз боз дар шаҳри Вена идома дорад.

Ҷон Керрӣ қабл аз мулоқот бо раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон гуфт, "миёни мо ҳанӯз ҳам ихтилофот боқӣ мондааст ва мо бояд бубинем, ки оё метавонем ба баъзе комёбиҳо даст ёбем”.

Муовини вазири умури хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ ҳам рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо телевизиони Эрон гуфт, “мо натавонистем, ки мавқеъҳоямонро дар бархе масоили калидӣ ва муҳим наздик созем ва маълум нест, ки ба ин муваффақ мешавем ё на”.

Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе, 13 июл, ба музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Вена ҳамроҳ шуд.

Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг ва ҳамтои олмонияш Франк Валтер Штайнмайер низ ба музокирот пайвастанд. Дар музокирот вазирони умури хориҷии Русия ва Чин ҳузур нахоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG