Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 30 ҷудоихоҳ аз зарбаи ҳавопаймои ҷангӣ дар Горловка


Ҳавопаймоҳои ҷангии Украина ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон дар шарқи кишвар панҷ зарба заданд. Намояндаи вазорати дифои Украина рӯзи якшанбе, 13 июл, ба хабарнигорон гуфт, ки дар зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар канори шаҳри Гордовка тақрибан 30 тан аз ҷудоихоҳон кушта шуданд ва як анбори силоҳи онҳо дар мавзеи Саур-могила нобуд карда шуд.

Аз ин пеш расонаҳои Маскав хабар доданд, ки як мушак аз қаламрави Украина манзилеро дар вилояти Ростови Русия валангор кард. Дар ин ҳодиса як кас кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Ба навиштаи хабаргузории РИА “Новости”, муовини вазири умури хориҷии Русия Григорий Карасин ин ҳамларо маҳкум кард ва изҳор намуд, ки вокуниши Маскав ба ин зарба “шадид” ва “мушаххас” хоҳад буд. Ӯ аз тавзеҳи он ки гап сари чӣ гуна вокуниш меравад, худдорӣ кард ва афзуд, ки ҷузъиёти ин тирандозӣ ба қаламрави Русия тафтиш мешавад.

Намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Лисенко изҳор намуд, ки артиши кишвар сӯи қаламрави Русия оташ накушодааст.

XS
SM
MD
LG