Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ дар гуфтушуниди "шашгона" бо Теҳрон ширкат мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи якшанбе, 13 июл, вориди Вена шуд то ба музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон ҳамроҳ шавад. Музокироти “шашгона” – ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон бо Эрон дар ҳоле идома дорад, ки қарор аст рӯзи 20 июл созиши ниҳоӣ дар мавриди ба ивази баъзе гузаштҳо аз ғанисозии ураниум даст бардоштани Теҳрон имзо шавад.

Рӯзи шанбе як мансабдори амрикоӣ, ки дар музокироти Вена ширкат дорад, ба хабарнигорон гуфт, дар гуфтушунид пешрафт ба чашм мерасад ва аммо Эрон дар бархе мавзӯъҳои калидӣ дар мавзеъи ғайри қобили қабул қарор мегирад.

Оятулло Алии Хоманеӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, ин ҳафта гуфт, ки Теҳрон мехоҳад сатҳи ғанисозии уранро боло барад.

Қарор аст, ки ба думболи Ҷон Керрӣ ҳамчунин вазири умри хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг ва вазири умури хориҷии Олмон Франк Валтер Штайнмайер низ ба Вена сафар кунанд. Аммо дар музокирот вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ҳузур нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG