Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Зеленополие даргириҳои шадид идома доранд


Дар канори рустои Зеленополие воқеъ дар вилояти Луҳанск даргириҳо миёни низомиёни Украина ва ҷудоихоҳон идома доранд. Андрей Лисенко, намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина, рӯзи шанбе гуфт, низомиёни украинӣ талош доранд то назорати он минтақаи марз бо Русияро, ки аз ҷо барои ҷудоихоҳон силоҳ интиқол меёбад, аз даст надиҳанд.

Намояндагони Ҷумҳурии худхонаи Донетск дар навбати худ изҳор намуданд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ шаби шанбе аз тӯпҳо сӯи шаҳри Мариинка оташ кушоданд. Дар натиҷа бинои чанд корхонаи саноатӣ тахриб шуда, чаҳор сокини осоишта ҳам ба ҳалокат расиданд. Рӯзи шанбе, ба иттилои ҷудоихоҳон, оноҳ дар канори шаҳри Горловка як ҳавопаймоии ҷангии украинии СУ-25-ро нобуд карданд.Ин хабарҳо аз сӯи манбаъҳои мустақил таъид нашудаанд.

Аз ин пеш Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, ваъда дод, ки муҷримон дар ҳалокати 19 низомӣ дар шарқи кишвар пайдо ва муҷозот карда хоҳанд шуд. Ба иттилои артиши Украина, ин низомиён рӯзи 11 июл аз оташи таҷҳизоти “Град”-и ҷудоихоҳон дар наздикиҳои шаҳраки Зеленополиеи вилояти Луҳанск ҷон бохтанд. Дар ин ҳамла 93 афсару сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд. Петро Порошенко дар нишасти изтироӣ бо ширкати раҳбарони ниҳодҳои қудратии Украина гуфт, “барои ҳар низомии мо ҷангҷӯён даҳҳо ва садҳо ҷони худро баҳо пардохт хоҳанд кард. Ягон террорист беҷазо намемонад, ҳар кадомаш аз рӯи аъмолаш муҷозот хоҳад шуд”.

Ҷудоихоҳон субҳи рӯзи шанбе ба мавқеъҳои артиши Украина дар вилояти Луҳанск аз таҷҳизоти “Град” мушак андохтанд. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Украина, дар ин ҳодиса як сарбоз кушта шуд ва 17 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ҷавоб низомиёни Украина аз тӯпҳо оташ кушоданд ва ҳавопаймоҳои низомӣ ҳам мавқеъҳои ҷудоихоҳонро тирборон карданд.

XS
SM
MD
LG