Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин вориди Аргентина шуд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи шанбе бо як сафари расмӣ вориди Аргентина шуд. Ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, ӯ бо сарвари Аргентина Кристина Фернандес де Киршнер музокирот мекунад ва ба думболи он ҳарду созишҳои дуҷонибаро имзо хоҳанд кард.

Сафари Владимир Путин ба Амрикои Лотин рӯзи 11 июл аз Куба шурӯъ шуд. Ӯ дар Ҳавана бо раҳбарони Куба музокиот анҷом дод ва бо Фидер Кастро дидору гуфтугӯ дошт. Ҳайатҳои Русия ва Куба дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои энерҷӣ ва маводи сӯхтро баррасӣ карданд.

Раисиҷумҳури Русия аз Ҳавана ба Никарагуа рафт ва он ҷо ҳамроҳ бо раисиҷумҳур Даниэл Ортего дар мавриди робитаҳои дуҷониба гуфтугӯ доштанд.

Владимир Путин рӯзи якшанбе вориди Бразилия мешавад ва бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро тамошо мекунад. Баъд аз анҷоми бозӣ ба ӯ расман ваколатҳо барои баргузории бозиҳои навбатии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ироа хоҳанд шуд - Русия соли 2018 мизбони ин бозиҳо хоҳад буд.

Владимир Путин дар шаҳри Форталезаи Бразилия дар нишасти сарони БРИКС – гурӯҳе, ки ба ҷуз Русияву Бразилия ба он Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ҳам шомиланд, ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG