Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро маҳкум кард


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҳуҷуми Исроил ба навори Ғазза дар Фаластинро маҳкум кард. Дар баёни Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 12 июл мунташир шуд, ин ҳамла зери по гузошта шудани ҳама қонунҳои байналмилалӣ хонда шудааст. ҲНИТ зимни ҳимояти худ аз мардуми Фаластин, аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз талаб кардааст, ки амалкарди режими Исроилро маҳкум намуда ва ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худ таъмин намоянд.

Дар ҳамлаҳои чанд рӯзи ахири Исроил ба навори Ғазза беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон будаанд. Исроил мегӯяд, ин ҳамлаҳо дар посух ба мушакборонест, ки аз тарафи Ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос ба амал омадааст. Ҳамос дар посух ба зарбаҳои ҳавоии Исроил ба минтақаҳои аҳолинишини Исроил даҳҳо мушак партоб кардааст.

XS
SM
MD
LG