Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон омода аст аз Молдова ҳимоят кунад


Ангела Меркел бо Юрие Лянка
Ангела Меркел бо Юрие Лянка

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон гуфт, ки омода аст аз талошҳои Молдова барои барқарории равобити наздик бо Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ кунад. Баъд аз дидор бо Юрие Лянка–нахуствазири Молдова хонум Меркел дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар Берлин гуфт, ки наметавонад аз дастовардҳои Кишинёв дар анҷоми ислоҳот, хушбиниҳои ин кишвар дар барқарории демократия сӯҳбат накунад.

Меркел гуфт, Олмон омода аст, ки мисли кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо ба Молдова барои ҳали мушкилоти кунунии иқтисодӣ кӯмак расонад. Ин мушкилот баъд аз ихтилофоти миёни Кишинёв ва Маскав пеш омадааст.

Дар мулоқоти Лянка ва Меркел вазъ дар ҷумҳурии худхондаи Приднестровие баррасӣ шудааст. Ин кишвар бо Гурҷистон ва Украина Аҳдномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кардааст.

XS
SM
MD
LG