Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бӯҳрони интихоботии Афғонистонро баррасӣ мекунад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико, ки барои баррасии бӯҳрони интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон вориди шаҳри Кобул шудааст, вазъи кунуниро “лаҳзаи хеле ҳассос” номид. Вай гуфт, қонунияти интихобот дар тарозу гузошта шудааст ва он ба гузори нарми сиёсӣ хатар эҷод мекунад. Ҷон Керрӣ изҳори умед кард, ки барои қонеъ сохтани шакку тардидҳои мардум роҳеро пайдо кардан мумкин аст.

Мубоҳисоти интихоботӣ ин нигарониҳоро ба бор овардааст, ки мумкин аст нооромиҳои қавмӣ сар занад. Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ-номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки пешсафи даври аввали интихобот буд, натиҷаҳои ибтидоии даври дувумро қабул надорад. Натиҷаҳои даври дуввум Ашраф Ғаниро аз Абдуллоҳ хеле пешсаф нишон медиҳад.

Доктор Абдуллоҳ ин натиҷаҳоро “кудетое” бар зидди мардуми Афғонистон медонад.

XS
SM
MD
LG