Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон Асадулло: "Ҳодисаи Исфара тасодуфист"


Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳодисаи рӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро тасодуфӣ ва тарҳрезинашуда арзёбӣ кард. Раҳмон Асадулло рӯзи ҷумъаи 11 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суол хабарнигорон роҷеъ ба ҳодисаи марзии дирӯз гуфт, "шабакаҳои давлатӣ дар асоси овозаҳо мавод нашр намекунад."

Чун ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, хабарнигори ин шабака рӯзи гузашта дар ҷои ҳодиса набудааст ва ба ин далел дар бораи ин ҳодиса маводе пахш нашуд. Аммо раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз мулоқоти Муродалӣ Алимардон бо ҳамтои қирғизаш мулоқот дорад, ки ҳатман телевизиони Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти мақомоти ду кишвар матолибе нашр хоҳад кард.

Рӯзи 10 июл дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара нооромиҳо сар зад, ки бар асари он ду марзбони тоҷик ва 6 ғайринизомӣ захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG