Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи маҳсулоти бесифати чинӣ ва қирғизӣ дар бозорҳо


Дар даҳ рӯзи моҳи Рамазон аз бозору дӯконҳои Тоҷикистон беш аз 300 кило қандҳои ширкатҳои чиниро бо сабаби бесифат будан мусодира кардаанд. Мурод Ашӯров, як масъули Оҷонсии «Тоҷикстандарт» рӯзи 11-уми июл гуфт, ки ин миқдор маҳсулотро зимни гузаронидани рейдҳо дар бозорҳои кишвар дарёфт кардаанд. Дар 10 рӯзи моҳи Рамазон ҳамчунин аз маҳсулоти воридотӣ беш аз 4 тонна нӯшокиҳои навъи ПИКО-и истеҳсоли Қирғизистонро бо сабаби бесифат будан аз фурӯш гирифтаанд. Ҳамчунин дар ин муддат ба гуфтаи ин масъули Тоҷикстандарт, 120 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 125 кило қанд, чой ва миқдори зиёди маҳсулоти шири бесифат ва мӯҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор ва нобуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG