Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабонарӯзи гузашта 3 сарбози украина кушта шуд


Дар давоми 24 соати шабонарӯзи гузашта дар даргириҳо бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия 3 сарбози украинӣ кушта ва 27 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Низомиёни Украина мегӯянд, як сарбоз замоне кушта шудааст, ки ҷудоихоҳон ҳангоми ҳаракати мошини сарбозон дар роҳ ба сӯи Луҳанск тирандозӣ кардаанд.

Дар ҳодисаи дигар ду сарбоз дар таркиши мошини зиреҳдори сарбозон дар наздикии Донетск кушта шудаанд.

9 июл Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон аз Петро Порошенко хостанд, ки барои ҳали сиёсии ин бӯҳрон талош кунад. Фаронса мегӯяд, Порошенко қавл додааст, ки барои “худдорӣ” талош мекунад, вале шикоят ҳам кардааст, ки ҷудоихоҳон берун аз марзҳои Украина аз Русия силоҳ мегиранд.

XS
SM
MD
LG