Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абераи Миршакар ҳамсари Александр Гордон шуд


Абераи Шоири Мардумии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар Ноза Абдулвосиеваи 20-сола бо журналист ва шореҳи машҳури Русия Александр Гордони 50-сола издивоҷ кард. Бобои Ноза, коргардони номвари тоҷик Валерий Аҳадов мегӯяд, ду тан бе сарусадо дар моҳи июн издивоҷи худро сабт карданд ва қарор аст, ҷашни арӯсии онҳо дар моҳи июл баргузор шавад. Ноза Абдулвосиева донишҷӯи соли дувуми Донишкадаи синамои Русия дар бахши филмҳои мустанад аст. Барои Гордон ин чаҳорумин издивоҷ буда, аз ҳамсари пешинааш як духтар дорад.

XS
SM
MD
LG