Ҳудуди 20 пизишки чашм аз Кореяи ҷанубӣ дар ноҳияи Ҳисор ба табобати ройгони смардуми ин ноҳия пардохтаанд. Ҳабибулло Турдиев муовини менеҷери табобати беморхонаи марказии Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки табибони кореягӣ мутахассиси бемориҳои чашм буда аз тариқи вазорати тандурустии Тоҷикистон барои кумаки мардум омадаанд: «Имрӯз мо ҳама шароитро омода кардем, кабинетҳоро дар ихтиёрашон гузоштем, Онҳо тарҷумон доранд ва бо мардум сӯҳбат мекунанд.» Ҳабибулло Турдиев гуфт, интихоби ноҳияи Ҳисор беҳуда нест, зеро дар инҷо комбинати нобиноён мавҷуд аст ва дар канори он шаҳраке, ки бештари сокинонаш нобиноянд. Пизишкҳои Кореяи ҷанубӣ тайи се рӯз дар ноҳияи Ҳисор ба мардуми ниёзманд ройгон кумаки тиббӣ хоҳанд расонд.