Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бар зидди ғасби ҳукумат дар Афғонистон ҳушдор дод


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳушдор дод, ки ҳар гуна талоши забти ҳукумат дар Афғонистон “берун аз чаҳорчӯбаи қонун” ин кишварро аз кӯмакҳои байналмиллалӣ маҳрум хоҳад кард. Ин изҳороти Ҷон Керрӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки эълони натиҷаҳои ибтидоии даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон боиси баҳсҳои миёни ду номзад Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шудааст.

Ҷон Керрӣ дар эъломияе 8 июл аз гузоришҳо дар бораи пешниҳоди ташкили “ҳукумати мувозӣ” амиқан изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, Вашингтон интизор аст, ки ниҳодҳои интихоботии Афғонистон ба заминаҳои “иддао дар бораи тақаллуб” расидагӣ хоҳанд кард.

Сухангӯи номзад Абдуллоҳ натиҷаҳои ибтидоии интихоботро рад кард ва онро “табаддулот” ё “кудето” номид. Вай афзуд, номзад Абдуллоҳ 8 июл нақшаҳояшро дар бораи ҳукумати миллии худ эълон хоҳад кард.

7 июл Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълон кард, ки Ашраф Ғанӣ дар даври дуввум 56,44 ва Абдуллоҳ 43,56 дарсад рай ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG