Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се пулис барои шиканҷаи гумонбар ба зиндон рафтанд


Додгоҳи шаҳри Атирауи Қазоқистон се афсарро барои шиканҷаи як шахси гумонбар аз як то 2 сол маҳкум ба зиндон кард. Ин се афсар моҳи декабр як мардро лату кӯб кардаанд ва шиканҷа додаанд, ки 5 мавриди дуздиро бар уҳда бигирад. Ҳукми зиндони се афсар 8 июл содир шуд.

Барои афсарони пулиси Қазоқистон ин як намунаи хеле нодир аст, ки барои нақзи ҳуқуқи гумонбарон ва барои шиканҷаи гумонбарон ба додгоҳ кашонда ва муҷозот мешаванд. Бо вуҷуди ин дар моҳҳои охир чанд афсари пулис барои шиканҷа ба додгоҳ кашонда шудаанд.

Дар моҳи ноябр низ дар шаҳри Оқмулло дар шимоли Қазоқистон ду афсари пулис се солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Вале моҳи январ додгоҳи шаҳри Қустанай барои Қазоқистон ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукми таърихӣ содир кард. Бояд ба шахсе, ки дар соли 2007 ба дасти кормандони пулис шиканҷа шуда буд, ҷуброн пардохт мешуд, вале додгоҳ ин ҳукмро бекор кард.

XS
SM
MD
LG