Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пул аз болои рӯдхонаи Северский Донетс тарконда шуд


Дар канори шаҳраки Закатное дар вилояти Донетски Украина афроди ношинос купрук аз болои рӯдхонаи Северский Донетсро таркониданд. Дар натиҷа як қисми купрук хароб ва ҳаракати нақлиёт аз болои он қатъ шудааст. Дигар купрук аз болои ин рӯдхона дар вилояти Луҳанск рӯзи 4 июл тарконида шуда буд.

Ба иттилои вазорати мудофиаи Украина, айни ҳол гурӯҳҳои низомии поккорӣ аз майн ба дарёфту хунсо кардани маводи тарканда дар роҳу купрукҳо ва биноҳои аз ҷудоихоҳон озодшуда машғуланд. Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск беш аз як тонна маводи тарканда ва ҳазорҳо мушак ошкору безарар гардонида шудааст.

Шабонарӯзи гузашта ҷудоихоҳони мусаллаҳ дар шарқи Украина сӯи мавқеъҳои низомиёни украинӣ дар мавзеъҳои Амвросиевка ва Рубежное ва гузаргоҳи марзии “Довжанский” оташ кушоданд. Ба иттилои раҳбари гурӯҳи “Муқовимати иттилоотӣ” Дмитрий Тимчук, бар асари ҳамлаи ҷудоихоҳон ба мавқеъҳои низомиёни украинӣ дар наздикиҳои шаҳри Краматорск як сарбоз маҷрӯҳ шуд.

Бар пояи бархе хабарҳо, раҳбарони амалиёти зидддитеррористӣ дар шарқи Украина бар асари таҳдид ба ҳаёти гаравгонҳое, ки аз дар асорати удоихоҳонанд, ҳамлаҳоро мутаваққиф карданд. Дар мавриди баргузории чанд амалиёт ба хотири озод кардани гаравгонҳо тасмим гирифта шудааст.

Намояндагони ҷумҳурии мардумии Донетск, дар навбати худ, изҳор намуданд, ки “ҷанг акнун сар мешавад”. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳо бинои ҳукумати Донетскро ишғол намуда, постгоҳҳои худро ташкил мекунанд.

XS
SM
MD
LG