Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар канори Ҳаной чархболи МИ-171 суқут кард


Бар асари суқути чархболи МИ-171 дар як минтақаи аҳолинишини канори шаҳри Ҳаной, пойтахти Вйетнам, 16 нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Фоҷиа рӯзи душанбе ҳангоми тамрини чархбол дар тақрибан 30 километрии пойтахт рӯй дод.

Ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар чархбол 16 низомӣ, ду инструктор ва се халабон ҳузур доштанд.

Хабаргузории France-Presse бо такя ба фармондеҳони артиши Вйетнам навиштааст, ки бар пояи иттилои пешакӣ, чархболи истеҳсоли Русия бар асари мушкилоти фаннӣ суқут кардааст.

XS
SM
MD
LG