Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тарҳи истифодаи роҳҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон


Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 7- 8 июл дар Қайроқум сари натиҷаҳои ба дастомада дар гуфтушуниди Бишкек ва наҳваи иҷрои онро музокира хоҳанд кард. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Қайроқум соати 10.30 дақиқа гуфт, дар ин музокирот гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои гуфтушуниди Бишкекро идома хоҳанд дод. Бино ба гуфтаи бархе манобеи наздик ба мақомоти Суғд, дар гуфтушуниди Қайроқум тарҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди истифодаи муштарак аз роҳҳои наздисарҳадиро мавриди баҳсу гуфутугӯ қарор хоҳад гирифт. Ин тарҳ истифодаи якҷояи роҳҳои нақлиётии баҳсбарангези “Куктош – Оқсой - Тамдиқ”, ки ба гуфтаи мақомоти Исфара, чандкиламетрии он аз ҳудуди ин ноҳияи Тоҷикистон мегузарад ва роҳи Исфара – Ворухро, ки аз чандин аклав, ҷазираҳои марзӣ убур мекунад, пешбинӣ мекунад.

Бино ба хабарҳои расонаҳои қирғизӣ, дар музокираи дурӯзаи роҳбарони комиссияи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз муовинони нахуствазири Тоҷикистону Қирғизистон: Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев санаде ба имзо расида, ки иҷозат медиҳад дар мавзеъи баҳсии сарҳадии миёни ин ду кишвар Қирғизистон пули мошингузар ва роҳ сохта шавад. Ба гуфтаи Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, дар музокира бо ҳайати кории Тоҷикистон ҳамчунин санаде омода шудааст, ки тибқи он роҳи Исфара-Ворухро метавонанд ҳарду ҷониб истифода баранд, аммо ин санад дар ҳоли баррасӣ қарор доштааст. Сомонаи ҳукумати Қирғизистон иттилоъ медиҳад, тарҳи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи истифодаи роҳи мошингарди наздимарзии «Куктош-Оқсой- Тамдиқ- Кишмиш» ва «Исфара-Ворух» рӯзи 7-уми июл дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд дар вохӯрии таҳлилгарону коршиносони ҳарду ҷониб мавриди омӯзиш қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG