Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руслан Чагаев ба "ҷанг"-и Окендо меравад


Руслан Чагаев
Руслан Чагаев

6 июл Руслан Чагаев-муштзани машҳури ҷаҳон аз Узбакистон дар “Аҳмад-Арена”-и шаҳри Грозний-маркази Чеченистон барои дарёфти қаҳрамони WBA ё Ассотсиатсия Бокси Ҷаҳон бо муштзани амрикоӣ Фрес Окендо ба рақобат мепардозад. Ин “ҷанг” аз 12 раунд иборат хоҳад буд.

Дар оғоз ин мусобиқаро барои 7 июн пешбинӣ карда буданд, вале чанд рӯз пеш баргузории он зери хатар рафт. Ҳоло муштзани амрикоӣ ба Грозний омадааст ва ин мусобиқа 6 июл баргузор мешавад.

Бино ба ақидаи созмондиҳандагон ба таъхир афтодани ин мусобиқа бо таваллуди кӯдак дар хонаводаи муштзани амрикоӣ иртибот доштааст.

Камарбанди қаҳрамони ҷаҳон дар бахши WBA тирамоҳи соли гузашта баъд аз бохти муштзани Русия Александр Поветкин ба муштзани Украина Владимир Кличко “бесоҳиб” монд. Ба ин далел WBA тасмим гирифт, ки барои дарёфти ин камарбанд байни Чагаев-муштзани севвум ва Окендо-муштзани чаҳоруми ҷаҳон мусобиқа баргузор шавад.

Чагаев 32 ва Окендо 37 ғалаба доранд. Чагаев 2 бохт ва Окендо 7 бохт доранд. Чагаев соли 2007 баъд аз пирузӣ бар Николай Валуев ин камарбандро ба даст оварда буд. Вале дар соли 2009 онро ба Владимир Кличко бохт. Баъд аз ду сол вай дубора ин камарбандро моли худ кард, вале баъд аз ду соли дигар онро ба Александр Поветкин бохт.

XS
SM
MD
LG