Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Давлати исломии Ироқ ва Шом худро нишон дод


Абубакр Бағдодӣ, 4 июл дар Мавсил
Абубакр Бағдодӣ, 4 июл дар Мавсил

Раҳбари шӯришиёни исломӣ, ки қаламравҳоеро дар Сурияву Ироқ зери контрол дорад, гӯё дар наворе дар ҳоли хондани мавъиза нишон дода шудааст. Бино ба гузоришҳо, Абубакр Бағдодӣ-раҳбари Давлати исломии Ироқ ва Шом дар ин навори видеоӣ, ки 5 июл нашр шудааст, дар яке аз масҷидҳои шаҳри Мавсил сӯҳбат мекард.

Бағдодӣ 29 июн ташкили Давлати исломии Ироқ ва Сурияро эълон кард ва ба мусулмонон дастур дод, ки “ба вай эътиқод оранд, он гуна, ки вай ба худо”.

Бағдодӣ дар ҳоле, ки тан ҷомаи сиёҳ ва дар сар саллаи сиёҳ дошт, барномаҳои ба қавли худаш давлати исломиро тавзеҳ медод. Гуфта мешавад, ки ин мавъиза ба намози ҷумъаи 4 июл тааллуқ доштааст.

Имкон надорад, ки Бағдодӣ будани шахси дар навори видеоӣ сӯҳбаткунанда таъйид шавад. Дар доираҳои давлати исломӣ Бағдодӣ бо номи Халиф Иброҳим машҳур аст. Мавсилро шӯришиёни Давлати исломии Ироқ ва Шом моҳи гузашта ба тасарруфи худ дароварда буданд.

XS
SM
MD
LG