Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Славянск фаъолияти ниҳодҳоро аз сар мегиранд


Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина гуфт, комёбиҳои низомии артиши ин кишвар, ки ҷудоихоҳони ҷонибдори Русияро аз маркази муқовиматашон шаҳри Славянск берун рондааст, “нуқтаи чархиш” дар мубориза бар зидди шӯришиёни ҷудоихоҳ мебошад. Аммо Порошенко 5 июл гуфт, дубора ба контроли худ даровардани Славянск ва шаҳрҳои атрофи он “пирузии комил” нест ва амалиёти низомӣ барои “озодии минтақаҳои Донетск ва Луҳанск идома хоҳад ёфт”.

Арсения Ятсенюк-нахуствазири Украина ба кормандони расмии ҳукумат дастур дод, ки ҳар чӣ зудтар дар ин шаҳрҳо фаъолияти пулис, низоми адлия, хадамоти тиббиву беҳдоштиро аз сар бигиранд.

Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки нируҳои ҳукуматии Украина парчами миллии Украинаро баъд аз ҷангҳои як шаби пеш дар шаҳри саноатии Славянск насб карданд. Дар бораи кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар ҷудоихоҳон дар ин ҷангҳо гузороишҳо пахш шудааст.

Бино ба гузоришҳо, шӯришиёни ҷудоихоҳ аз шаҳр фирор кардаанд ва ба сӯи шаҳри Донетск-маркази вилояти Донетск рафтаанд.

XS
SM
MD
LG