Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ давлати эътилофиро рад кардааст


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ташкили ҳар гуна эътилоф бо рақиби худ Абдуллоҳ Абдуллоҳро рад кардааст. Вай 5 июл зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст: “Мардум нигаронанд ва мепурсанд, ки оё мо ягон тавофуқе кардаем. Ҷавоби мо рӯшан аст: Мо ҳеҷ тавофуқе накардаем”.

Абдулло ва Ғанӣ дар даври дуввуми интихобот ширкат доштанд ва то ҳол якдигарро борҳо дар ҷаъли орои интихобкунандагон муттаҳам кардаанд. Ҳар ду номзад низ иддао мекунанд, ки дар даври дуввум пируз шудаанд.

Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро ба таъхир андохтааст. Қарор буд натиҷаҳои ибтидоӣ 2 июл ва натиҷаҳои ниҳоӣ 22 июл эълон шавад.

Эълони натиҷаҳои ибтидоӣ то 7 июл ба таъхир даромадааст.

XS
SM
MD
LG