Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад маълумотҳои интернетӣ аз кишвараш берун нараванд


Думаи давлатии Русия қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он сомонаҳои интернетӣ дар бораи шаҳрвандони Русия дар дохили кишвар бояд пойгоҳи ҷамъоварии маълумот дошта бошанд.

Бар асоси ин қонун аз соли 2016 ширкатҳои фароҳамоварандаи хадамоти интернетӣ бояд маълумоти дар ихтиёрдоштаро ба хадамоти дохилии Русия интиқол диҳанд.

Кохи Кремли Маскав мегӯяд, ҳадафи тасвиби чунин қонун ҳимояти маълумоти интернетӣ мебошад. Аммо мунаққидон бар ин назаранд, ки чунин кор ҳамла ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба Facebook, Twitter, YouTube ва ҳамаи ширкатҳои дигар аст, ки пойгоҳи онҳо дар Амрико қарор дорад.

Думаи Давлатӣ 4-уми июл ин қонунро ба тасвиб расонд ва пештар аз ин муқаррароти наве низ қабул шуда буд ва бар асоси он блогистонҳое, ки дар як рӯз бештар аз 3 000 бинанда ва ё хонанда доранд, бояд дар раёсати назорати мухобиротӣ сабти ном шаванд. Агар онҳо аз сабти ном саркашӣ кунанд, дар он сурат чунин блогистонҳо ё блогҳо бидуни ҳукми додгоҳ баста мешаванд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия интернетро як “лоиҳаи ЦРУ ё Созмони марказии кашфи Амрико” арзёбӣ кард, вале вай эътироф намекунад, ки дар интернет маҳдудиятҳо ҷорӣ мешавад. Путин иддао мекунад, ки ин қонун кӯдаконро аз мазмуни мундариҷаи матолиби ғайриахлоқӣ дар канор нигоҳ медорад.

Вадим Денгин-намояндаи Думаи Давлатии Русия ҳангоми муаррифии пешнависи ин қонун дар Дума гуфт, “бисёре аз корбарони интернет дар Русия намехоҳанд, ки маълумот дар бораи онҳо ба Амрико интиқол дода шавад ва дар он ҷо ин маълумотро бидузданд ва ба унсурҳои ҷиноятпеша бидиҳанд”. Денгин афзуд: “Ҳамаи маълумот дар бораи мо дар ҳамин ҷо ҳифз хоҳад шуд”.

Антон Носсик-коршиноси интернет ва яке аз блогнависони рус ҳангоми сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерз гуфт, ки ҳоло Кремл мехоҳад барои бастани блогҳо ва торнамоҳои мухолифи ҳукумат ва нописанди худ баҳона пайдо кунад ва бо ин тартиб садоҳои номақбулро хомӯш созад. “Ҳадафи ниҳоӣ бастани даҳонҳо, ҷорӣ кардани сонсур дар кишвар ва ташдиди вазъ дар ҷаҳони интернет аст, то натавонанд пурра фаъолият кунад ё вуҷуд дошта бошад”.

Аз чап ба рост: Алексей Навалний ва Антон Носсик.
Аз чап ба рост: Алексей Навалний ва Антон Носсик.

Дар оғози сол Кохи Кремл қонунеро рӯи кор овард ва он ба мақомоти давлативу ҳукуматӣ иҷоза медиҳад, ки сомонаҳои интернетиро ба баҳонаи навиштаҳои тундгароёна ва ё таҳдид ба низоми иҷтимоӣ бидуни ҳукми додгоҳ масдуд кунанд. Сомонаҳо ё торнамоҳои Алексей Навалний ва Гарри Каспаров-мунаққидони сиёсатҳои Кохи Кремл дар миёни чунин сомонаҳои интернетӣ буданд. Гӯё онҳо мардумро ба “фаъолиятҳои ғайриқонунӣ” даъват мекарданд.

Моҳи гузашта як мақоми баландпояи шабакаи иҷтимоии Twitter бо раиси “Роскомнадзор”-ниҳоди нозир бар фаъолиятҳои мухобиротии Русия мулоқот дошт. Раиси ин ниҳод хоста буд, ки даҳҳо сомонаҳои номаълум баста шаванд. Баъдтар сухангӯи Twitter эълон кард, ки ин шабака ба бастани ҳеҷ як аз сафҳаҳои муштариёнаш розӣ нашудааст.

Думаи Давлатӣ дар қонуни нави худ чунин маҳдудиятҳоро бештар кардааст ва гуфтааст, ки сомонаҳои таҳрикдиҳандаи ҷудоихоҳӣ ва даъват ба беназмӣ низ бояд баста шаванд. Бино ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, акнун блогнависони маъмулӣ низ зери пӯшиши ин қонун медароянд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин қонун бештар ба ононе тааллуқ мегирад, ки бо ақидаҳои Путин дар бораи масъалаҳои Қрим розӣ нестанд. Александр Верховский-раиси маркази таҳлилии “Сова” дар Маскав мегӯяд, “ин қонун бар зидди ононест, ки моли Русия будани Қримро зери шубҳа мебаранд”.

XS
SM
MD
LG