Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Зафаробод раиси "Барқи Тоҷик" таин шуд


Раҳматзода Рустам Мирзо 5 июл бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми раёсати ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд барканор ва раиси нави ширкати ҳолдингии “Барқи Тоҷик” таин шудааст.

Ҳамин тавр 5-уми июл Назарзода Аслиддин Гулмурод аз вазифаи раиси ширкати саҳомии ҳолдингии «Барқи Тоҷик» барканор шудааст. Ду муовини ин ширкат Маҳмудзода Мирзо ва Сулаймони Қосим низ ба сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа сабукдуш шуданд. Раиси ҷумҳур дастур додааст, ки тамоми кормандони «Барқи тоҷик» аз аттестатсия гузаронида шавад.

Ҳамакнун Ҷамшед Бобоев ва Баҳром Азимов муовинони нави Раҳматзода Рустам Мирзо таъин шудаанд.

XS
SM
MD
LG