Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 30 ҷангии ДИИШ аз зарбаи ҳавопаймоҳо дар Байҷӣ


Мақомоти Ироқ мегӯянд, бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ 30 тан аз мусаллаҳони гурӯҳи "Давлати исломии Ироқ ва Шом" (ДИИШ), ки талоши забти корхонаи нафтро дорад, кушта шуданд. Сабоҳ ал-Нӯъмон, намояндаи хадамоти зиддитеррористии Ироқ, рӯзи ҷумъа ба хабаргузориҳо гуфт, ки ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба хотири аз бузургтарин дар Ироқ корхонаи коркарди нафт дар мавзеъи Байҷӣ дур андохтани ҷангиёни ДИИШ буд.

“Давлати исломии Ироқ ва Шом”, ки бахши аъзами қаламрави шимол ва ғарби Ироқро ишғол кардааст, аз охирҳои моҳи гузашта талоши забти корхонаи коркарди нафти Байҷиро дорад.

Охири моҳи гузашта мақомоти Ироқ хабар доданд, ки аз Русия панҷ ҳавопаймои ҷангии Су-25 хариданд, ки дар ҷанг алайҳи мусаллаҳони суннимазҳаб истифода хоҳанд шуд. Ба иттилои расмӣ, Бағдод ҳавопаймоҳои ҷангии русиро дар чаҳорчӯби қарордод ба маблағи 500 миллион доллар харидааст. Аммо бархе расонаҳо навиштаанд, ки ин ҳавопаймоҳоро Эрон дар ихтиёри Ироқ гузоштааст. .

XS
SM
MD
LG