Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боризонӣ хостори раъйпурсӣ дар бораи Курдистони Ироқ шуд


Масъуд Боризонӣ, раҳбари Курдистони Ироқ аз порлумони ин минтақа хостааст, як кумиссиёнро барои баргузории раъйпурсии умумӣ дар мавриди истиқлолияти Курдистон таъсис диҳад. Фарҳод Сӯфӣ, вакили порлумон гуфт, “Масъуд Боризонӣ аз мо хост, кумиссиёни мустақили интихоботро барои ташкили раъйпурсӣ дар бораи истиқлолияти Курдистони Ироқ ва муайян кардани роҳи ҳаракат ба пеш таъсис диҳем”. Вакилони курд мегӯянд, ки Масъуд Боризонӣ аз порлумони минтақа хостааст, ки замони раъйпурсиро муаяйн кунад, вале ҷадвали замоние барои кори кумиссиён таъйин накардааст. Пешвои курдҳои Ироқ дар мусоҳибаҳои ахираш дар матбуот гуфт, ки мехоҳад, дар бораи аз Ироқ ҷудо ва мустақил шудани Курдистони Ироқ раъйпурсӣ баргузор шавад. Баъди онки тундравони суннимазҳаб минтақаҳои васеъе дар Ироқро ишғол карданд, нерӯҳои курд манотиқи баҳсбарангези шаҳри Киркукро таҳти назорат дароварданд. Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи дуюми июл гуфт, ки изҳороти раҳбарони Курдистонро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG