Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори собиқи Тифлисро дастгир карданд


Мақомоти интизомии Гурҷистон Гиги Угулава, шаҳрдори собиқи Тифлисро рӯзи 3-уми июл ҳангоми сафараш ба Киев ва Кишинёв боздошт кардаанд. Угулава, ки раиси ситоди интихоботии Ҳизби ваҳдати милии Гурҷистон, як ҳизби мухолифи давлат аст, ба дуздии маблаҳои бузурги давлат ва истифодаи ғайриҳадафмандонаи ин маблағҳо муттаҳам мешавад. Додгоҳи шаҳри Тифлис пардохти васиқаи 28 ҳазор долларӣ аз тарафи Гиги Угулаваро рад кард ва ӯро аз шиноснома ва дигар санадҳои ташхиси ҳуввият маҳрум намуд. Гиги Угулава бо вуҷуди эълон шудани иттиҳомот алайҳи ӯ дар моҳи феврали соли 2013 дар гузашта чанд дафъа ба хориҷа сафар кардааст. Аммо ин дафъа муфаттишон гуфтаанд, ки шаҳрдори собиқи Тифлис қасд надошт ба Гурҷистон баргардад. Худаш мегӯяд, ки тамоми иттиҳомот нисбати ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG