Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сахти Эрону 5+1 оғоз мешавад


Музокироти ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ, имрӯз ба марҳилаи ниҳоӣ ворид шуд. Намояндагони Эрон ва гурӯҳи панҷ бар изофаи як, ки ба он Чину Амрикову Фаронсаву Бритониё ва Олмону Русия шомиланд, барои таҳияи созишномаи фарогир дар бораи барномаҳои атомии Эрон ба шаҳри Вена пойтахти Австрия ворид шуданд. Интизор меравад, ки ин созишнома то рӯзи 20-уми июл такмил шавад. Гурӯҳи 5+1, ки бим доранд, Ҷумҳурии Исломӣ силоҳи атомӣ месозад, аз давлати Эрон мехоҳад, баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро боздорад. Эрон барои ин барномаҳои баҳсбарангезаш зери таҳримоти Созмони Милал қарор гирифтааст, вале мегӯяд, ки ҳадафаш танҳо тавлиди нерӯи барқи атомист, на чизи дигар. Дар остонаи музокирот Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, аз гурӯҳи 5 +1 хост, ки ба талабҳои номаъқул ва ғайриқобилиқабул пофишорӣ накунанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки қудратҳои ҷаҳонӣ “як силсила чораҳои мантиқӣ, ташхиспазир, ва осон пешниҳод кардаанд”, ки замонат медиҳанд, Эрон ба силоҳи атомӣ даст намеёбад.

XS
SM
MD
LG