Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони қирғиз дар лагерҳои Тоҷикистон


Беш аз 25 талабаҳои синфҳои ибтидоии мактабҳои шаҳру ноҳияи вилояти Ботканд дар лагери «Шоҳин», воқеъ дар назди осоишгоҳи «Баҳористон»-и Хуҷанд фаро гирифта шудаанд. Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи Тоҷикистон дар вилояти Ботканди Қирғизистон имрӯз бо тасдиқи ин ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар марҳилаи аввал 25 тан аз кӯдакону хонандагони маткбҳои Ботканд ба Хуҷанд оварда шуда ва феълан дар лагери «Шоҳин» истироҳ мекунанд. Вай афзуд, ки дар авоили моҳи июл боз 25 нафари дигар аз хонандагони мактабҳои Ботканд ба лагери «Истиқлол» оварда мешавад. Ба нақли ҷаноби Эҳсонов, дар назар аст 50 талабаи мактабҳои вилояти Суғд рӯзи 25 июл ба лагерҳои Ботканд бурда шаванд.

XS
SM
MD
LG