Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозиро барои ришвахорӣ муттаҳам медонанд


Саркозӣ дар байни ду қозии додгоҳ
Саркозӣ дар байни ду қозии додгоҳ

Додситонҳои Фароса мегӯянд, ки Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури пешини Фароса барои ришвахорӣ ва таъсир гузоштан ба ҷараёни расидагӣ ба парвандаи ҷиноӣ муттаҳам дониста мешавад.

Ин тасмим дар ҳоле эълон шудааст, ки Саркозӣ 15 соат мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст ва бори аввал дар таърихи раҳбари пешини як кишвар баъд аз бозпурсӣ вайро ба зиндон бурдаанд.

Саркозӣ 1 июл барои ширкат дар бозпурсӣ ба назди бозрасони зиддифасод ба Нантерре ба ғарби Фароса омад. Вакили мудофеи вай ва ду қозии додгоҳ 30 июн дар чунин бозпурсӣ ширкат доштанд.

Матбуоти Фаронса гузориш медиҳад, ки Саркозии 59 сола барои роҳ ёфтан ба маълумоти дохилии додгоҳӣ дар бораи ҷараёни расидагӣ ба парвандае гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ки гуфтугӯи телефонии вай аз тарафи қозиёни додгоҳ дар бораи парвандае сабт шудааст, ки гӯё Муаммар Қаззофӣ-диктатори пешни Либия дар маъракаи интихоботии Саркозӣ дар соли 2007 сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG