Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷа бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд


Павло Климкин-вазири корҳои хориҷаи Украина
Павло Климкин-вазири корҳои хориҷаи Украина

Хабаргузориҳо аз қавли манобеи дипломатии Фаронса гузориш додаанд, ки 2 июн вазирони корҳои хориҷаи Украинаву Русия ва Олмон дар Берлин бо ҳам дидор ва бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд. Ин хабар дар ҳоле пахш шуд, ки баъд аз оташбаси даҳрӯза нируҳои ҳукуматии Украина бар зидди нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия амалиётро аз сар гирифтаанд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина масъулияти оғози амалиёти ҷангиро бар уҳда гирифтааст.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, тасмими Порошенко дар бораи тамдид накардани оташбас “оғози даври нави хунрезиҳост, ки пайомадҳои он барои давлати Украина ғайриқобили пешбинист”.

Вазорати хориҷа мегӯяд, ки Лавров ин суханонро дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико баён доштааст.

XS
SM
MD
LG