Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барои таъмини Ироқ бо "силоҳи зарурӣ" омода аст


Теҳрон нияти ба Ироқ фиристодани нерӯҳояшро надорад ва аммо омода аст, ки дар сурати зарурат ба Бағдод барои мубориза бо терроризм силоҳ фурӯшад. Муовини вазири умури хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён рӯзи 1 июл дар Маскав гуфт, ки “Ироқ нерӯҳои мусаллаҳ ва техникаи низомии пуриқтидор дорад” ва то ҳол барои кӯмак ба Эрон муроҷиат накардааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, Теҳрон дар сурати дархости Бағдод ва бар пояи қавонини байнулмилалӣ метавонад кишвари ҳамсояро бо "силоҳи зарурӣ" таъмин намояд.

Абдуллоҳиён афзуд, ки ҳаводиси Ироқ – паёмади дахолати беруна ва як бахш аз тарҳи таҳоҷуми хориҷии Амрико мебошад. Дипломати эронӣ мегӯяд, ИМА мехоҳад, ки Ироқро ба "Украинаи дуввум" табдил диҳад.

XS
SM
MD
LG