Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден хостори тамдиди мӯҳлати паноҳандагияш дар Русия шуд


Эдвард Сноуден
Эдвард Сноуден

Эдвард Сноуден, корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии ИМА, аз мақомоти Русия хост, ки мӯҳлати паноҳандагии муваққаташро барои як соли дигар тамдид кунанд. Дар ин бора ба нашрияи “Известия”, чопи Маскав, як манбаъ дар Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия хабар дод.

Мӯҳлати паноҳандагии Сноуден дар Русия рӯзи 31 июл поён меёбад. Бар пояи қонун, агар ӯ дар кишвар боқӣ монданӣ бошад, бояд як моҳ қабл дар ин бора иттилоъ диҳад.

Ҳанӯз як моҳ пеш Эдвард Сноуден дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC гуфта буд, ки мехоҳад мӯҳлати будубошаш дар Русияро тамдид кунад. Зимнан, ӯ иқрор карда буд, ки орзуи ба Амрико баргаштанро дорад. Дар як мусоҳибаи дигар Эдвард Сноуден гуфта буд, ки ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла, ба Бразилия, барои дарёфти паноҳандагӣ муроҷиат кардааст.

Мақомоти ИМА Сноуденро дар ифшои иттилои сиррӣ оид ба амнияти миллӣ айбдор мекунанд. Соли 2013 ӯ санадҳо дар бораи назорати электронӣ аз сӯи хадамоти кашфи Амрикоро дар ихтиёри чанд нашрия гузошт. Вошингтон барои он пойфишорӣ дорад, ки Сноуден ба Амрико истирдод ва дар додгоҳ муҳокима шавад.

XS
SM
MD
LG