Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ва Русия ба созиш расидаанд


Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Фаронса гуфт, ки Русия ва Украина дар робита ба созиши оташбас дар шарқи Украина ва назорати дурусти марзи ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Бар тибқи баёнияи катбие, ки рӯзи 30-уми июн нашр шуд, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Петро Порошенко, ҳамтои украинии ӯ ба мувофиқа расидаанд, ки гаравгонон ва асирони ду тараф озод карда шаванд. Баёнияи мазкур баъди гуфтугуи телефонии муштараки раҳбарони Фаронсаву Олмон ва Русияву Украина нашр шуд. Муколамаи телефонӣ рӯзи 30-уми июн сурат гирифт, ки қарор аст дар ин рӯз оташбас миёни нерӯҳои Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба поён расад. Ба гуфтаи ҳукумати Русия Владимир Путин дар ин муколамаи телефонӣ хостааст, ки оташбас идома ёбад.

XS
SM
MD
LG