Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, Украина намехоҳад, ки ...


Давлати Русия мегӯяд, қатли наворбардори украинӣ дар шарқи Украина қабл аз анҷоми оташбас, нишондиҳандаи он аст, ки Украина ба фӯру нишондани бӯҳрон майл надорад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, қатли Анатолий Клян, дар рӯзи 30-уми июн нишон дод, ки ҳукумати Киев, созиши оташбасро пеш аз анҷом ёфтанаш дар ҳамин рӯз таҳти хатар гузоштааст. Қарор аст, оташбас рӯзи 30-уми июн хотима ёбад. Анатолий Кляни 68-соларо ҳангоми наворбардорӣ дар назди як воҳиди низомии тарафдори ҳукумат дар вилояти Донетск куштанд. Сабаби тирандозӣ дар маҳалли наворбардории ӯ ҳанӯз маълум нест. Дар маҷмӯъ дар муноқишаҳои Украина 5 хабарнигор кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG