Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ато: "Тундравони Ироқ хатар барои ҷаҳон шудаанд"


Қосим Ато, сухангӯи артиши Ироқ, гуфт, тундравони суннимазҳабе, ки манотиқи ишғолкардаашон дар ин кишвар ва Сурияро хилофати исломӣ эълон карданд, ба як хатари байналмилалӣ табдил шудаанд. Қосим Ато, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, эълони хилофат аз тарафи созмони Давлати Исломии Ироқ ва Шом, ки як шохаи Ал-Қоида ба ҳисоб меравад, паёме ба тамоми минтақа ва ҷаҳон аст, ки “созмон хатаре барои тамоми кишварҳост.” Айни замон нерӯҳои давлатии Ироқ набард барои пас гирифтани шаҳри Тикритро идома медиҳанд. Ҷангҷуёни шарики Ал-қоида аввали моҳи июн Тикрит ва қисматҳои бузурге аз қаламравҳои шимолӣ ва ғарбии Ироқро ишғол карданд. Созмони тундрави Давлати исломии Ироқ ва Шом рӯзи 29-уми июн аз шаҳри Ҳалаби Сурия то шаҳри Диёлои Ироқро хилофати исломӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG