Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши оташбас дар Украина поён меёбад?


Қарор аст, имрӯз 30-уми июн созиши оташбас дар шарқи Украина ба поён бирасад, чун мухолифати ҷомеа ба тамдиди оташбас бештар мешавад. Рӯзи 29-уми июн раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо раиси ҷумҳури Украина ва Русия дар ин бора гуфтугӯ карданд. Сӯҳбати муштараки телефонии Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Петро Порошенко дар бораи вазъ дар Украина ва роҳҳои фурӯ нишондани бӯҳрон бештар аз 2 соат идома кардааст. Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Фаронса гуфт, тарафҳо дар бораи “пешрафтҳои мушаххас дар авзоъи амниятӣ, тамдиди созиши оташбас ва иҷрои барномаи сулҳи пешниҳодӣ аз тарафи Украина” сӯҳбат кардаанд. Ба гуфтаи ҳукумати Русия, се раҳбар аз Петро Порошенко хостанд, созиши оташбасро баъди рӯзи 30-уми июн ҳам тамдид кунад. Ва рӯзи 29 –уми июн чанд ҳазор нафар дар маркази Киев тазоҳурот карда ва аз ҳукумат хостанд, ки созиши оташбасро, ки соати 9 шом ба вақти Душанбе ба поён мерасад, идома надиҳад.

XS
SM
MD
LG