Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз панҷ сарбоз дар ҳамлаҳо дар шарқи Украина


Дар шарқи Украина шабонарӯзи гузашта бар асари ҳамлаҳои ҷудоихоҳони рустабор панҷ сарбози украинӣ кушта ва 17 низомии дигар маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи нерӯҳои зиддитеррористӣ дар минтақа Алексей Дмитрашковский рӯзи якшанбе, 29 июн, хабар дод, ки ҷудоихоҳон як постгоҳ дар канори шаҳри Славянскро тирборон карданд, дар натиҷа се сарбози украинӣ ҷон бохтанд. Ду сарбози дигар бар асари ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ дар наздикиҳои мавзеи Нижняя Олховка дар вилояти Луҳанск ба ҳалокат расиданд.

Намояндагони ҳукумати ҷумҳурии мардумии Донетск мегӯянд, ки артиши Украина фақат ба хотири тағйири мавқеъҳояш оташбас эълон кардааст. Онҳо тарҳи сулҳи раисиҷумҳури Украинаро – омодагӣ ба идомаи амалиёти низомӣ арзёбӣ карданд. Петро Порошенко рӯзи ҷумъа режими оташбаси якҷониба дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро то соати 22-и шаби 30 июн тамдид кард.

Дар ҳамин ҳол рӯзи якшанбе тақрибан ҳазор нафар дар Киев, дар канори бинои раёсатҷумҳурӣ ҷамъ омада, аз Петро Порошенко талаб намуданд, ки режими оташбаси якҷонибаро қатъ ва дар шарқи кишвар вазъияти низомӣ эълон кунад. Бештари ҷамъомадагон ихтиёриён аз баталёнҳои “Донбасс”, “Днепр”, “Айдар” ва созмонҳои ҷамъиятии Майдон буданд. Онҳо аз раисиҷумҳур хостори бо силоҳ таъмин кардани баталёнҳои ихтиёриён шуданд. Ҷамъомадагон аз Петро Порошенко ҳамчунин даъват карданд, ки аз Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русияро талаб намояд.

XS
SM
MD
LG