Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон хабари расонаҳои Русияро рад кард


Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари бархе аз расонаҳои русӣ дар бораи боздошти ду нафар бо иттиҳоми латукӯби ҳамла ба корманди консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербургро рад кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорат, рӯзи шанбе, 28 июн, ба мо гуфт, чанд рӯз пеш расонаҳо бо такя ба иттилои полис навиштанд, ки ин ду нафар рӯзи 25 май корманди консулгарии Тоҷикистонро латукӯб карданд ва дар баробари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ки ин хабар ҳақиқат надорад, зеро дар шаҳри Санкт-Петербург консулгарии Тоҷикистон мавҷуд нест, дар ин минтақа фақат як нафар – Назар Мирзода Консули фахрӣ аст, ки он рӯзҳо дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, нашри ин гуна хабарҳо ҷомеъаро гумроҳ месозад.

XS
SM
MD
LG