Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко:Лағви мақоми минтақаии забони русӣ иштибоҳ буд


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, қарори Верховная Рада дар бораи лағви мақоми расмии минтақаии забони русиро иштибоҳ номид. Дар мусоҳиба бо нашрияи фаронсавии “Le Figaro”, ки рӯзи шанбе нашр шуд, сарвари Украина гуфт, ӯ дар маъракаи пешазинтихоботияш чанд бор таъкид намуд, ки ин гуна қонунро имзо нахоҳад кард. Ҷаноби Порошенко афзуд, ки набояд масоили марбут ба забону фарҳанг ваҳдати миллӣ дар Украинаро зери хатар гузорад.

Дар робита ба авзоъ дар шарқи Украина ӯ изор намуд, ки ғайримумкин будани аз роҳи низомӣ ба Украина баргардонидани ин минтақаҳоро хуб дарк мекунад, аз ин рӯ бояд Киев барои дар дилу дидаи мардуми он манотиқ ҷой гирифтан талош намояд. Петро Порошенко афзуд, ки давлати Украина барои дар шарқи кишвар мақоми расмӣ гирифтани забони русӣ мухолиф нест ва ҳамчунин омода аст ба вилоятҳои Донетску Луҳанск мухторият диҳад ва таъмир ҳама биноҳои бар асари низоъҳо харобшударо бар ӯҳда бигирад.

XS
SM
MD
LG