Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ талоши озод кардани Тикритро дорад


Ҳазорон низомиёни ироқӣ зери ҳимояи ҳавопаймову зиреҳпӯшҳо ба наздикиҳои шаҳри Тикрит, воқеъ дар шимоли Бағдод, расиданд. Хабаргузориҳо бо такя ба намояндаи артиши Ироқ иттилоъ доданд, ки субҳи шанбе, 28 июн, чархболҳои низомӣ ба чанд мавзеъ дар шаҳр зарба заданд.

Ду рӯз пеш чархболҳо бо низомиён дар шаҳраки донишҷӯёни Тикрит фуруд омадаанд ва миёни сарбозону мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҳамин ҳол ИМА ҳам хабар дод, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини кишвар ба хотири дифоъ аз низомиёни амрикоӣ ба назорати ҳарими ҳавоии Бағдод шурӯъ карданд. Низомиёни амрикоӣ чанде қабл ба хотири арзёбии вазъи амниятӣ дар Ироқ ба ин кишвар омаданд.

Тайи ду ҳафтаи ахир мусаллаҳони ДДИШ бештари қаламрави шимолу ғарби Ироқро таҳти назорат гирифтанд ва айни ҳол ҳаракат сӯи Бағдодро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG