Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Конгресс хост, ки барои тамрин ва мусаллаҳ сохтани аъзои шинохташудаи мухолифони Сурия кӯмаки 500 миллион доллариро ба тасвиб расонад.
Акнун бо ҷалби таваҷҷуҳи давлати Обама ба муноқишаи беш аз 4 солаи режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия бо шӯришиёни ин кишвар барномаи тамрини низомӣ густардатар мешавад.
Барномаи Сурия бахше аз 65,8 миллиард доллар маблағ барои дархости амалиёти беруна аст, ки давлати Обама 26 июн ба Конгресс фиристодааст. Ин дархости Обама ба Конгресс дар ҳоле расидааст, ки аз сиёсатҳои Обама дар қиболи Сурия интиқодҳои нав садо медиҳад. Баъзе аз мухолифони Кохи Сафед мегӯянд, ки бояд ба шӯришиёни суннӣ тавассути Ироқ кӯмак кард, то онҳо қаввитар шаванд.
Дар оғози соли ҷорӣ Обама пешниҳод кард, ки роҳҳои афзоиши кӯмак ба шӯришиёни ислоҳотхоҳи Сурия, ки бар зидди нируҳои режими Башор Асад мубориза мекунанд, бояд пайдо карда шавад.