Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ дар Порис бӯҳронҳои Ироқу Украинаро баррасӣ мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи панҷшанбе, 26 июн, баъд аз музокирот дар Порис изҳор намуд, ки Маскав бояд дар соатҳои наздик талошҳояш барои халъи силоҳ кардани ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украинаро собит кунад.

Аммо мавзӯи асосии гуфтушунидҳои Ҷон Керрӣ дар Порис бӯҳрон дар Ироқ аст, ки он ҷо мусаллаҳони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ва гурӯҳҳои суннӣ бахши аъзами қаламрави панҷ вилоятро таҳти назорат гирифтаанд. Қарор аст, ки вазири умури хориҷии ИМА бо мансабдорон аз Исроил, Арабистони Саъудӣ, Урдун ва дигар кишварҳо музокирот анҷом диҳад.

Ин гуфтушунидҳо дар ҳоле баргузор мешаванд, ки як рӯз пеш нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ даъвати раҳбарони сиёсӣ ва мазҳабии сунниҳои кишвар барои таъсиси ҳукумати наҷоти миллиро рад кард ва онро “табадуллот алайҳи Қонуни асосӣ” номид. Ал-Моликӣ изҳор намуд, ки тайи як ҳафта таъсиси ҳукумати нави Ироқ анҷом меёбад. Дар ҳукумати пешини ӯ тақрибан ҳама мақомҳоро шиаҳо ишғол карда буданд ва ин боиси норозигии сунниҳо ва курдҳо шуда буд.

Ба иттилои СММ, бар асари даргириҳои ҳафтаҳои ахир дар Ироқ беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан як миллион нафар иҷборан манзилҳои худро тарк намуданд.

XS
SM
MD
LG