Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА номзади сазовор ба мақоми раиси Комиссиюни Аврупоро меҷӯяд


Мӯҳлати раёсати Жозе Мануэл Баррозу тирамоҳ ба поён мерасад
Мӯҳлати раёсати Жозе Мануэл Баррозу тирамоҳ ба поён мерасад

Нишасти дурӯзаи сарони Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи 26 июн дар Белгия бо маросими ёдбуде дар шаҳри Ипр ба муносибати садсолагии шурӯи ҷанги якуми ҷаҳон шурӯъ мешавад. Қарор аст, ки дар ин маросим сарони кишварҳо омодагии худ барои ҳифзи робитаҳои мусолиматомезро эълом доранд.

Дар нишасти Брюссел мавзӯи таъини раҳбари нави Комиссиюни Аврупо ҳам баррасӣ хоҳад шуд. Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, дар арафаи нишаст изҳор намуд, ки ба таъини нахуствазири пешини Люксембург Жан-Клод Юнкер ба ин мақоми калидӣ дар Иттиҳодияи Аврупо мухолифат хоҳад кард. Аз номзадии Юнкер Олмон ва чанд кишвари дигар пуштибонӣ мекунанд. Ваколатҳои раҳбари феълии Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу тирамоҳи соли равон поён меёбанд.

Қарор аст, ки сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо сари мавзӯъи эъломи таҳримҳои нав алайҳи Русия бино ба бӯҳрон дар шарқи Украина ҳам гуфтугӯ кунанд.

Рӯзи ҷумъа, 27 июн, сарони Украина, Гурҷистон ва Молдавия зери созишномаи наздикшавӣ бо Иттиҳодияи Аврупо имзо гузоранд, ки он робитаҳои зичтар ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисодро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG