Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба Ҳилманд ҳамла кардаанд, вале...


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, 800 ҷангҷӯи Толибон ба вилояти Ҳилманд ҳамла кардаанд, то манотиқеро ишғол кунанд, ки зери назорати нерӯҳои давлатӣ қарор дорад. Ин минтақаҳоро чанде пеш нерӯҳои амрикоӣ дар ихтиёри сарбозони афғон гузоштанд. Умар Звак, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, дар ин ҷанги панҷрӯза дасти кам 100 Толиб, 21 сарбози афғон ва 40 нафар аз мардуми осоишта кушта шуданд. Аз тарси ин ҷангҳо 2 ҳазор хонавода аз ноҳияҳои Сангин, Навзод, Каҷакӣ ва Мусо Қалъа гурехтаанд. Ҷанг дар манотиқе сурат гирифтааст, ки аз маҳалҳои хатарноктарин барои нерӯҳои Амрикову Бритониё ба ҳисоб мерафт. Ин нерӯҳо аз соли 2001 дар ин минтақа буданд ва моҳи охирин сарбозони нерӯҳои баҳрии Амрико аввали моҳи май онҷоро тарк карданд. Ҳудуди 8 ҳазор сарбози дигари нерӯҳои байналмилалии ба раҳбарии НАТО,аз ҷумла аз Амрико, Бритониё ва Гурҷистон дар дигар бахшҳои Ҳилманд мондаанд.

XS
SM
MD
LG